Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон русидон кам мешавад


Ҳарчанд то ҳол забони русӣ, забони дуввуми тоҷикистониҳо дониста мешавад, аммо ба ақидаи коршиносон, нисбат ба чанд даҳсолаи қабл нуфузи ин забон дар ҷомеаи тоҷик камтар шудааст.

Агар дар даврони Шӯравӣ донистани забони русӣ фарз ва як навъ афзалиятнок дониста мешуд, баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон насли ҷавони кишвар аксаран ба омӯзиши дигар забонҳои хориҷӣ бартарият медиҳанд. Ба тадриҷ аз миён рафтани мақоми забони русӣ боиси он гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон соли 2003 як барномаи вижаи рушд ва такмили забонҳои русӣ ва англисиро дар кишвар роҳандозӣ намояд.

Ҷалолиддини Амиров, яке аз масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, бо тақозои ҳамин барномаи давлатӣ дар нақашаи таълимӣ соатҳои омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои миёнаву олӣ зиёд карда шуд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар ҳудуди кишвар 28 мактаби сирф русӣ фаъолият мебарад. Ба қавли Ҷалолиддин Амиров, феълан, муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз камбуди беш аз 2 ҳазор омӯзгори забони русӣ ранҷ мебаранд. Ва ба хотири рафъи ин мушкил, соли равон дар ду донишгоҳ факултаҳои забони русӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, бо мусоидати сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар назди Донишгоҳи славянии кишвар, ҳар моҳ барои омӯзгорони забони русии тамоми манотиқи Тоҷикистон бахшҳои бозомузӣ ташкил мегардад, ки кулли хароҷоти онҳо аз ҷониби ҳамин сафорат пардохта мешавад. Илан Тупайлов - ноиби раиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистон гуфт, тӯли се сол, дар ин бахшҳо 190 муаллим аз минтақаҳои мухталифи кишвар бозомӯзӣ дидаанд.

Аммо, дар ҳамин ҳол, Гулнора Ҳасанова - омӯзгори забони русӣ мегӯяд, сол то сол дар макотиби миёна соатҳои омӯзиши забони русӣ коҳиш меёбанд.

“Ҳафтае 2 соат мӯзиши забони русӣ дар макотиби тоҷикӣ албатта кам аст. Ҳатто фанни адабиёти русро аз нақшаи таълимӣ дур кардаанд, ки бе он хонанда наметавонад забони русиро хуб аз худ кунад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки русидонии насли ҷавон беҳтар шавад, Дар сурате, ки аксари ҷавонони мо ба Русия мераванд, бояд забони русиро донанд.”

Раъно Сангакова - омӯзгори забони русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, имсол ба таври ғайримунтазира соатҳои омӯзиши забон дар макотиби олӣ низ кам карда шуд, ин ҳам дар ҳолест, ки меафзояд хонум Раъно, 50 дарсади донишҷӯёни тоҷик забони русиро хуб балад нестанд:

“Бар тибқи омори Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, соли 2006 теъдоди русидонҳо дар кишвар 30 дарсадро ташкил медод, ки дар қаламрави Иттиҳоди шӯравии собиқ пас аз Туркманистон аз ҳама фоизи камтарин ҳисоб мешавад. Ташвишовар ин аст, надонистани забони русӣ боиси он мегардад, ки фарзандони мо имкони ба дигар кишварҳо сафар ва муоширатро аз даст медиҳанд. Ин ҳам ҳам дар ҳолест, ки бинобар камбуди ҷойи кор дар Тоҷикистон, онҳо маҷбуранд ба кишварҳои дигар сафар кунанд. Дар сурати надонистани забон дари ҷаҳон бар рӯи онҳо баста мегардад. Барои мисол, дар Маскав қароре ба тасвиб расидааст, ки бар тибқи он муҳоҷирони меҳнатӣ бояд забони русиро хуб балад бошанд, дар сурати ғайр шахси кордеҳ вазифадор аст, ки барои забономӯзии онҳо аз ҳисоби худ маблағ пардохт кунад.”

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ҳарчанд мушкилоти омӯзиши забони русӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли қаламрави кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба назар мерасад, вале тоҷикистониҳо беш аз пеш ба хуб донистани ин забон ниёз доранд. Зеро мушкилоти аслии муҳоҷирони тоҷик дар Русия маҳз ба иллати надонистани забони русӣ пеш меояд.

Дар ҳамин зимн, бо кӯшиши омӯзгорони забони русии шаҳри Душанбе, ҷамъияти тоҷикистонии Пушкин таъсис дода шуд, ки талош мекунад, сатҳи русидонии донишҷӯёну хонандагонро тавассути ҷалби онҳо ба озмунҳои мухталифи қироати ашъор ва барномаҳои театрӣ баланд бардорад.

Таҳлилгарон мегӯянд, иллати аслии кам шудани таваҷҷӯҳ нисбат ба омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон, муҳоҷирати аҳолии русзабон аз кишвар мебошад, ки замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон шумори онҳо 340 ҳазор нафарро ташкил мекард ва ҳоло то 30 ҳазор коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG