Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳпаймоӣ зидди фашизм дар Русия


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як гирдиҳамоӣ таҳти унвони «Роҳпаймоӣ зидди бегонаситезӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 1000 нафар ширкат карданд.

Гуфта мешавад, дар ин роҳпаймоӣ намояндагони як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии Русия, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва сокинони Санкт-Петербург иштирок намудаанд.

Шаҳри Санкт-Петербург, ки пойтахти фарҳангии Русия номида мешавад, тайи солҳои ахир аз зумраи шаҳрҳое дар ин кишвар маҳсуб меёбад, ки ҳодисаҳои бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ дар он пайваста рӯх медиҳанд.

XS
SM
MD
LG