Пайвандҳои дастрасӣ

50 толиб кушта ва ё маҷрӯҳ шуданд


Вазорати мудофиаи Афғонистон мегӯяд, дар ҷараёни як бархӯрди шашсоата дар ҷануби ин кишвар беш аз 50 толиби силоҳбадаст кушта ва ё маҷрӯҳ шуданд. Дар изҳороти вазорати мудофиаи Афғонистон гуфта мешавад, ки дар бархӯрди канори деҳаи Балучи вилояти Урузгон нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони Нато ба артиши афғон кумак расонданд. Дар ин амалиёт 13 ҷангҷӯй дастгир шудаанд.

Майор Чарлз Энтонӣ сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) изҳор намуд, ки дар ин рӯёрӯӣ даҳҳо ҷангҷӯй ба қатл расиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG