Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осори фарҳангии Осиё дар намоишгоҳи Лондон


Донишгоҳи Лондон ба ҳаводорон як намоишгоҳи ғайримаъмулӣ пешниҳод кардааст ва онҳо метавонанд, дар ин намоишгоҳ бо ашёи гаронбаҳое аз мероси фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ, мардумони АвруОсиё ва Ховари Миёна ошно шаванд.

Дар ин намоишгоҳ ашёе ба намоиш даромадаанд, ки чандон шӯҳрат надоранд, вале гаронбаҳо ва бостонианд. Донишгоҳи мутолиоти Ховар ва Африқо 116 ашёи гаронбаҳои ҳунариро аз хазинаи худ барои ин намоишгоҳ баргузидааст, ки дар давоми 90 соли ахир дар ин донишгоҳ нигаҳдорӣ мешуданд. Анна Контадинӣ-коршиноси аршади умури исломии ин донишгоҳ гуфт, аввалин бор аст, ки ин ашё ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар миёни ин ашё осори наққошии Чину Ҷопон ва Тибет низ ҳаст. Пайкараҳои буддоӣ, намунаҳое аз ҳунари бофандагӣ, осори ҳунарии осиёи марказӣ, дастхатҳои осори исломӣ ва насронӣ ҳастанд.

27 минётур гузошта шудааст, ки дутои он ба сабки Бухоро тааллуқ дорад. Муаллифони онҳо як қарни пеш, яъне дар давраи Темуриҳо дар солҳои Ҳусейн Бойқаро зиндагӣ кардаанд. Се асари мунаққаши сафолӣ низ дар ин намоишгоҳ ҳаст, ки аз қарни 15-и Самарқанд ба мерос мондааст. Контадинӣ гуфт, ононе, ки ин пораҳои кошикоришудаи сафолиро ё ба истилоҳ кафелро офаридаанд, шеваҳои вижаи ороишро ба кор бурдаанд, ки дар муқобили ҳар гуна боду ҳаво тобовар мебошанд. Ин сафолпораҳо бо ранги тиллоӣ мунаққаш шуда будаанд.

Ба гуфтаи Контадинӣ, дар хазинаи донишгоҳ Қуръонҳои мунаққаши давраи туркҳои усмонӣ, Қуръонҳо аз Эрону Ҳиндустони Мугал, ду дастхати бостонӣ аз Арманистон ва ҳамчунин кузаҳои қарни 11-и Чин нигаҳдорӣ мешавад.

Дар намоишгоҳ ду девон низ гузошта шудааст. Гарчӣ дар бораи муаллифони онҳо чизе гуфта нашудааст, вале ин нукта рушан аст, ки яке аз ин девонҳо дар соли 1525 дар Шероз офарида шудааст ва яки дигар, ки бо оби тилло мунаққаш аст, миёни солҳои 1530 ва 1534 навишта шудааст ва ба Баҳром Мирзо-волии вақти Ҳирот, яъне волии замони Султон Бойқаро ҳадя шудааст.

XS
SM
MD
LG