Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози 20 намояндаи маҷлиси Эрон


Хабаргузории "Форс"-и Эрон навиштааст, дируз бештар аз 20 намояндаи ислоҳотталаби Маҷлиси Эрон бар зидди тасмими Маҳмуди Аҳмадинеҷод-раиси ҷумҳур дар бораи сабукдуш кардани Алии Лориҷонӣ аз мақоми раиси ҳайати музокироти ҳастаии Эрон эътироз кардаанд. Онҳо дар номае ба раиси ҷумҳур навиштаанд, ки вай бояд дар бораи ин тасмими худ бештар андеша мекард. Хабаргузории "Форс" навиштааст, дар ин нома 22 намояндаи ислоҳотталаби Маҷлис ва як намояндаи муҳофизакор имзо гузоштаанд. Ҳафтаи гузашта Эрон эълон кард, ки ба ҷои Алии Лориҷонӣ раёсати ҳайати музокироти ҳастаии Эронро Сайид Ҷалилӣ-муттаҳиди наздики раиси ҷумҳур бар уҳда хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG