Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони суннимазҳаб рабуда шуданд


Имрӯз бар асари инфиҷор дар шаҳри Киркук – воқеъ дар шимоли Ироқ ҳафт кас кушта ва беш аз 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, мошини ҳомили маводи тарканда дар канори истгоҳи автобусҳо инфиҷор кард. Масъулини пулис гуфтанд, ки ин мошин аз сӯи маргталаб идора мешуд.

Тибқи як хабари дигар аз Ироқ, имрӯз 11 тан аз раҳбарони суннимазҳабҳои вилояти печида ба хушунати Диёл баъди мулоқот бо мақомоти баландпояи кишвар дар дафтари сарвазир Нурӣ Ал Моликӣ аз сӯи афроди ношинос рабуда шуданд.

XS
SM
MD
LG