Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзaнӣ ошубгаронро ба Анкара таслим намекунад


Раҳбари курдҳои Ироқ изҳор намуд, ки ӯ ба Туркия ягон тан аз ошубгарони курдро таслим нахоҳад кард. Ҳамзамон бо ин Масъуди Барзанӣ - раиси вилояти Курдистони Ироқ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира эълом дошт, ки ба ошубгарон барои ҳамла ба қаламрави Туркия низ имкон нахоҳад дод. Анкара аз Барзанӣ талаб дорад, ки ошубгарони Ҳизби Коргарони Курдистонро боздошт ва ба Туркия истирдод кунад, дар акси ҳол ба амалиёти низомӣ дар шимоли Ироқ шурӯъ мекунад. Имрӯз Алӣ Бобоҷон – вазири умури хориҷии Туркия гуфт, кишвараш айни ҳол барои ҳалли қазияи Ҳизби коргари Курдистон ҳам чораҳои дипломатӣ ва ҳам чораҳои низомиро баррасӣ мекунад. Аз ин пеш сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки Анкара ҳар лаҳза метавонад амалиёти низомӣ алайҳи ошубгарони ин ҳизбро шурӯъ кунад.

XS
SM
MD
LG