Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 5 - 0 Бангладеш. Бозӣ тамом шуд


Бозии даври нахусти сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2010 дар минтақаи Осиё миёни тимҳои Тоҷикистон – Бангладеш бо ҳисоби 5 – 0 ба нафъи Тоҷикистон тамом шуд.

То дақоиқи охири бозӣ Тоҷикистон дар ҳуҷум буд ва ба ҳини ҳуштаки ниҳоии довар низ Самад Шоҳзуҳуров тӯб дар зери по ба сӯи дарвозаи Бангладеш мешитофт.

Кам воқеъ мешуд, ки тӯб ба нимаи майдони мизбонон гузарад.

Бозии аввали ин тимҳо дар шаҳри Дакка 1 – 1 анҷом пазируфта буд.

Тоҷикистон ба даври дуввуми сабқат роҳхат гирифт.

XS
SM
MD
LG