Пайвандҳои дастрасӣ

Қисми аввал бидуни гол хотима ёфт


Қисми аввали бозии Тоҷикистон – Бангладеш бидуни гол тамом шуд.

Дар дақиқаҳои 34 ва 35 Ҷомихон Муҳиддинов ду шонси кушодани ҳисобро дошт, аммо истифода бурда натавонист.

Тӯбҳои ҷаримавии капитани Тоҷикистон Акмал Холматов дар дақиқаҳои 41 ва 43 низ ноком анҷом ёфт.

Тӯби кунҷии саввуми Тоҷикистон дар дақиқаи охирини қисми аввал низ барои мухлисонаш шодӣ наовард.

Дар маҷмӯъ, ба қавли коршиносони футбол, ки дар сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар варзишгоҳ иброз доштаанд, дар қисми аввал риштаи бозӣ тақрибан 70 % дар дасти бозигарони мизбон буд.

XS
SM
MD
LG