Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар пойгоҳи Амрикову Афғонистон дар Пактико


Чаҳор сарбози афғон ва як ғайринизомӣ аз ҳамлаи интиҳорӣ дар пойгоҳи муштараки нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон дар вилояти шарқии Пактикои Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Мақомоти давлат мегӯянд, бомбагузори худкуш дар либоси сарбози нирӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба назди дарвозаи марбут ба сарбозони афғон омад ва худро мунфаҷир кард. Шаш афғони дигар дар ин таркиш захмӣ шудаанд. Пайравони ҷумбиши Толибони афғон аз аввали имсол дар манотиқи гуногуни Афғонистон зиёда аз 100 таркиши худкушона анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG