Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳо аз ояндаи аҳли башар


Бинои Созмони Милали Муттаҳид

Бинои Созмони Милали Муттаҳид

Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, ки манобеъи он барои зиндагии инсонҳо бо суръат камтар шуда ва ояндаи инсониятро таҳти хатар мегузорад.

Тағйири иқлим, маҳви зуди олами набототу ҳайвонот ва мушкилоти таъмини аҳолии афзоянда бо ғизо аз хатарҳои азиме ҳастанд, ки ба курраи Замин ва ояндаи сокинони он таҳдид мекунанд.

Созмони Милал мегӯяд, ҳадафаш аз ин гузориш пешгӯӣ кардани як ояндаи тираву тори инсоният нест, балки даъват ба андешидани иқдомоти фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи мушкилоти зистмуҳитӣ дар курраи Замин аст. Дар ин гузориш, тағйири вазъи курраи Замин аз соли 1987 инҷониб тасвир шудааст. Аз ҷумла сатҳи атмосфера, ки олуда ба газҳои зиёди зарарнок мебошад. Захираҳои обӣ батадриҷ кам ва пур аз маводи кимиёвӣ мешаванд. Ихроҷи олудагиҳо низ меафзояд, ки солона ба асари он олудагиҳо 2 миллион нафар ба марги бармаҳал дучор мешаванд.

Барномаи зистмуҳитии Созмони Милал мегӯяд, хатари гармоиши курраи Замин то ба андозае ҷиддист, ки бояд то соли 2050 ихроҷи газҳои гулхонаӣ, ки омили аслии болоравии ҳарорат мебошанд, ниҳоят кам карда шавад. Таҳқиқоти умқи яхҳои манотиқи сард нишон додаанд, ки ҳаҷми гази карбон ва метан ончунон зиёд шудааст, ки иқлими Замин назар ба 500 ҳазор соли пеш комилан фарқ мекунад. Интизор меравад, ки дар ҳамин аср ҳарорат аз 1, 8 то 4 дараҷа боло равад, ки ба эътиқоди олимон, фалокатҳои азими табииро дар пай хоҳад дошт. Яхистони Арктика назар ба ҳар манотиқи дигари ҷаҳон тезтар об шуда ва сатҳи баҳрҳо низ дар ояндаи қобили пешбинӣ ҳамчунон боло хоҳад рафт, ки барои сокинони маҳаллҳои наздисоҳилӣ бисйор хатарнок аст. Ва ин дар ҳолест, ки беш аз 60 дар сади аҳолии ҷаҳон дар маҳалҳои наздисоҳилӣ то наздкии 100 километр сукунат доранд.

Як мушкили дигаре, ки гиребонгири инсоният аст ва дар оянда метавонад сабаби ранҷ кашидани мардуми зиёде шавад, норасоии оби ошомиданист, ки ҳоло 70 дарсади захираҳои он барои обёрӣ ва киштукор истифода мешавад.

Захираҳои об батадриҷ камтар мешаванд ва ин дар ҳолест, ки истифодаи об дар кишварҳои дар ҳоли рушд то 20 соли дигар 50% меафзояд дар кишварҳои мутараққӣ 18%. Барномаи муҳитизистии Созмони Милал мегӯяд, фишоре, ки талаботи афзоянда ба об дар кишварҳои камоб ба амал меояд, ғайриқобили таҳаммул хоҳад буд.

Дар робита ба тақсими захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ Созмони Милал мегӯяд, аз ҳоло танишҳо миёни кишварҳои минтақа барои бо ҳам дидани манобеъи обӣ зуҳур кардааст, ки дар ҳалли он кишварҳои минтақа бидуни кумаки ҷомеаи байналмилал қодир нестанд.

Муаллифони гузориш ҳушдор додаанд, ки теъдоди афзояндаи аҳолӣ мушкилоти Заминро сангинтар хоҳад кард, зеро аз ҳоло инсоният аз он имконоти каме ки ҳаст беш аз ҳад истифода мебарад. Таъмини мардум бо ғизо низ мушкили дигарест, ки бояд ба он расидагӣ шавад, чун тавлиди фаровардаҳои кишоварзӣ бар асари зиёни ҳашарот 14 фисад камтар шудааст. Гузашта аз ин табоҳшавии вазъи заминҳо, шӯршавӣ ва дигар омилҳои харобкунандаи киштзорҳо ба аз се як ҳиссаи мардуми ҷаҳон асароти манфӣ гузоштааст. Созмони Милал мегӯяд, кишварҳои дар ҳоли рушд то соли 2030 эҳтимолан барои таъмини худ бо ғизо ба 120 миллион гектар замини иловагӣ ниёз хоҳанд дошт.

Созмони Милал мегӯяд, сарнавишти ояндаи инсоният асосан ба тасмиму қарорҳои афрод ва ҷомеаҳо вобаста аст, ки бояд имрӯз гирифта шаванд. Дар гузориши бузурги барномаи зистмуҳитии созмон, ки дастранҷи садҳо донишманди кишварҳои мухталиф мебошад, омадааст ояндаи муштараки сокинони Замин ба амалҳои имрӯзаи онҳо вобаста аст, на амалҳои фардо ва ягон вақти дигар.

XS
SM
MD
LG