Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии варзишгари тоҷик дар Чикаго


Варзишгари тоҷик Маъруфшо Файзуллоев, ки дар сабқати қаҳрамони бокс дар ҷаҳон дар шаҳри Чикагои Иёлоти Муттаҳида ширкат мекард, дар набарди навбатияш ноком шуд ва майдонро ба рақибаш аз Русия, Геннадий Ковалев боқӣ гузошт. Файзуллоев, ки дар гурӯҳи муштзанҳои вазнашон то 64 килограм пешрафт дошт, аз идомаи ширкат дар мусобиқа маҳрум гардид. Пирӯзӣ дар ин сабқат ҳамчунин метавонист, барои ӯ роҳхат ба Бозиҳои олимпии Пекинро таъмин мекард.

XS
SM
MD
LG