Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сар аз шаби 27 ба 28-и октябр, дар 110 кишвари ҷаҳон ақрабаки соат барои гузариш аз вақти тобистонӣ ба зимистонӣ, як соат ақиб оварда шуд.

Бархе аз кишварҳо, монанди Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Чин, Ҷопон, Сингопур ва ғайра соатшумориро бетағйир нигоҳ медоранд. Намояндагони ин кишварҳо мегӯянд, ба тағйири соат зарурат надоранд, вале тарафдорони низоми гоҳшумориҳои зимистонӣ ва тобистонӣ бар инанд, ки тағйири соат ба онҳо имкон медиҳад, истифодаи нирӯи барқро хубтар ба роҳ монанд ва дар фаъолиятҳои худ ҳамоҳангии бештар дошта бошанд.

Тоҷикистон дар мавсими зимистон ва аввали баҳор дар истифода аз нирӯи барқ маҳдудият ҷорӣ мекунад ва низ соатро тағйир намедиҳад. Аввалин бор дар ҷаҳон танзими ақрабаки соат дар Бритониё дар соли 1908 истифода шуда, дертар ин таҷриба ба кишварҳои дигар паҳн гардид.

XS
SM
MD
LG