Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико дипломатҳоро иҷборан ба Бағдод мефиристад


Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳида дипломатҳои кишварро иҷборан барои кор ба Ироқ мефиристад. Ба иттилоъи раиси бахши кадрҳои вазорати умури хориҷаи Амрико Гаррӣ Томас, ҳудуди 250 тан аз кормандони вазорат рӯзи душанбе расман огаҳ карда хоҳанд шуд, ки онҳо номзадҳои эҳтимолӣ барои кор дар сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бағдоданд. Айни ҳол дар сафорат 50 курсӣ холист - беамнӣ дар пойтахти Ироқ дипломатҳоро аз хоҳиши кор кардан дар ин минтақаи доғ нигаҳ медорад. Гаррӣ Томас афзудааст, ки афроди барои кор дар Бағдод пазируфташуда бояд ҳадди аққал як сол он ҷо кор кунанд, дар акси ҳол онҳо аз фаъолияти дипломатӣ дур карда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG