Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хунтаи Мянмар боз 87 боздоштшударо раҳо кард


Имрӯз мақомоти низомии Мянмар 87 тан аз эътирозгарони боздоштшударо аз маҳбас раҳо карданд. Моҳи гузашта дар намоишҳои эътирозӣ алайҳи болоравии бесобиқаи қимати маводи сӯхт ҳазорҳо роҳибони буддоӣ ва мардуми кишвар ширкат доштанд. Раҳбарони низомии Мянмар баъди эълони вазъи фавқулодда ва қуюди шабгардӣ намоиши эътирозиро саркӯб ва ҳудуди 3 ҳазор аз тазоҳургаронро боздошт карданд. То ҳанӯз садҳо нафари онҳо дар маҳбасанд.

Ба иттилоъи расмӣ, ҳангоми саркӯб кардани намоиши эътирозӣ 10 тан аз тазоҳургарон кушта шуданд. Ва аммо кишварҳои Ғарб ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониён ба карат бештар буд.

XS
SM
MD
LG