Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳат Алиев: "Назарбоев дастури қатл дода буд."


Роҳат Алиев, собиқ сафир ва домод. 31 майи соли 2007

Роҳат Алиев, собиқ сафир ва домод. 31 майи соли 2007

Роҳат Алиев, собиқ домоди раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, падарарӯси пешини худро айбдор кард, ки гӯё дар моҳи феврали соли 2006 шахсан амр кардаааст, ба ҷони раҳбари мухолифин Олтинбек Сарсенбоев суиқасд анчом шавад.

Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо родиои Озодӣ Алиев гуфт, қасд дорад, натичаҳои бозрасии қатли Сарсенбоевро ба мақомоти Австрия таслим кунад. Вай мегӯяд: "Фармони қатли Олтинбек Сарсенбоев дар қаламрави Австрия содир гашт. Он замон, феврали соли 2006, расиҷумҳур Назарбоев дар осоишгоҳи Клагенфурт истироҳат мекард. Нуртой Абикаев, ки баъдан ба мақоми раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъин гашт, барои ҳамагӣ чанд соат ба назди раисиҷумҳур омада буд.”

Фармони қатл дар Австрия содир гашт...
Аз замоне ки мақомоти Қазоқистон истирдоди Роҳат Алиевро талаб кардаанд, вай дар Вена, пойтахти Австрия, ба сар мебарад. Остона ўро дар чандин ҷиноят муттаҳам мекунад. Алиев, ки дар мақоми сафири Қазоқистон дар Австрия ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ифоъи вазифа мекард, афзуд, китоберо дар бораи ришвахорӣ дар сатҳҳои баландтарини ҳукумати Қазоқистон чоп хоҳад кард.

"Ман бар ин ақидаам ки бидуни шак сиёсати раисиҷумҳур Назарбоев, ки мехоҳад, ҳама чизро рӯпуш карда хомӯш кунад аз мактаби ҳизби шӯравӣ маншаъ мегирад."

Алиев, ки шавҳари духтари бузурги Назарбоев Дариға буд, собиқ афсари амният мебошад. Гуфта мешавад ў маълумоти сирриро дар бораи қонуншиканиҳои ҳукуматдорони баландмақоми қазоқ, аз ҷумла Назарбоев, ҷамъоварӣ намудааст. "Ин як бахше аз тасаввуроти режими худкомаи авторитарии раисиҷумҳур Назарбоев аст, ки аллакай дар тули 16 сол қудратро дар дасти худ нигоҳ медорад. Ҳамаи мо шоҳиди он будем ки дар интихоботи охири раёсатҷумҳурӣ Назарбоев бо касби 91 дарсади овозҳо пирӯз шуд ва моҳи августи соли ҷорӣ ҳизби вай дастикам 100 дарсади ороро касб кард. Инак раисиҷумҳур ба муроду мақсади худ расид ва тавонист, ҳамаи бахшҳои ҳукумат -- иҷроӣ, қонунгузор ва адлияро зери итоати пурраи худ дарорад.”

Алиев дар ватанаш дар даст доштан ба одамрабоӣ, фаъолиятҳои молии ғайриқонунӣ ва суистифода аз мақоми давлатӣ айбдор мешавад. Додгоҳи Австрия дархости Қазоқистон барои истирдоди вайро бо гумони он ки муҳокимаи парвандааш дар Қазоқистон ғайримунсифона хоҳад буд, рад намуд. Ду муҳофизи Алиев моҳи гузашта аз Вена ба Алмато рафта, раҳбари собиқашонро дар фаъолиятҳо гуногуни ҷиноӣ, аз ҷумла рабудани ду мақомдори бонк муттаҳам намудаанд. Алиев гуфт имкон дорад барои ишғоли мақоми раёсатҷумҳурӣ дар интихобот ширкат намояд.

XS
SM
MD
LG