Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико омодагиҳо ба ҷанги Эронро рад кард


Кохи Сафеди Иёлоти Муттаҳида омодагиҳо ба ҷанги Эрон рад кард ва эълом дошт, он ба раванди дипломатӣ содиқ хоҳад монд. Сухангӯйи Кохи Сафеди Тонӣ Фратто мегӯяд, ҳукумати президент Буш эҳтимоли истифода аз зӯрро бар зидди Эрон рад накардааст, аммо хеле умедвор аст, ки ҷанг гурезпазир хоҳад буд. Иёлоти Муттаҳида ин ҳафта фишорро ба Эрон аз роҳи эълони таҳримҳои нави якҷониба зидди Сипоҳи посдорони инқилоб, бонкҳо ва афроди эронӣ зиёд кард. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳадаф аз таҳримҳо муҷозоти Эрон барои барномаи ҳастаии он ва гӯё пуштибонияш аз терроризм дар Ховари Миёна аст.

XS
SM
MD
LG