Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарое бо раҳбарони оппозисюни қирғиз


Сардори полиси ноҳияи Қочқори Қирғизистон, Канибек Чулпонбоев, мегӯяд, моҷарое, ки бо чанде аз раҳбарони оппозисюни ин кишвар ба амал омад, иштибоҳ буд. Вай барои ин ҳодиса маъзарат хостааст. Гурӯҳи нафароне ки либоси ҳарбӣ доштанд, раҳбари ҳизби Падарватан Омурбек Текебоев ва сарони ҷумбиши Оқ Шумқор Темур Сариеву Кубатбек Байболовро аз мошинашон берун кашида, муҳофизони онҳоро латукӯб карданд ва ҳамаро асири худ эълон карда, ба ҳаво тир кушоданд. Сарони оппозисюн осеб надидаанд, вале хеле ба хашм омадаанд. Сардори полис Чулпонбоев мегӯяд, ин афрод аз шӯъбаи ӯ буда, бар зидди гурӯҳҳои ҷиноӣ амалиёт пеш мебаранд ва раҳбарони оппозисюн дар замон ва макони нодуруст бо онҳо вохӯрдаанд.

XS
SM
MD
LG