Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Русия


Аз чап ба рост - Раиси Кумисюни Аврупо Ҳосе Мануэл Барросо, сарвазири Португалия Ҳосу Сократес ва президенти Русия Владимир Путинб 26 октябри соли 2007

Аз чап ба рост - Раиси Кумисюни Аврупо Ҳосе Мануэл Барросо, сарвазири Португалия Ҳосу Сократес ва президенти Русия Владимир Путинб 26 октябри соли 2007

Ба эҳтимоли зиёд дар муносибатҳои миёни Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар мулоқоти Португалия энержӣ, газ ва нафт ҷои аввал доштанд.

"Даври гузор" ибораест, ки аз он раҳбарони Иттиҳоди Аврупо барои ташреҳи фурсати аз имрӯз то моҳи марти соли 2008 - давраи интиқоли қудрат аз дасти Владимир Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия кор мебаранд. Дар ин муддат интизор намеравад, ки дар равобити миёни Маскаву Бруссел кадом таҳаввулоти вижа ба миён ояд. Раиси Кумисиюни равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо Бенита Ферреро-Валднер дар сӯҳбатҳои худ дар Порлумони Аврупо гуфт, ки мулоқоти раҳбарони Русияву Иттиҳодияи Аврупо бештар ба хотири арзёбии равобити дуҷонибаи тарафҳост, на ба хотири тасмимгириҳои тоза.

Нишасти Иттиҳоди Аврупо, ки дар шаҳри Мафраи Португалия аз ду масъала иборат аст. Яке энерживу таъини сарнавишти минбаъдаи Косово ва баҳси ҳастаии Эрон ва баъзе низоъҳои ба истилоҳ "хобидаи" собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ. Бахши дигари музокирот марбут ба вазъи демократия ва ҳуқуқи башар, аз ҷумла, таъқиби расонаҳои мустақил, намояндаҳои мухолифин ва созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби Маскав мебошад. Дар қариб ҳамаи ин масъалаҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Маскав ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аммо аксар давлатмардони Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ки ба хотири манофеи газу барқи Аврупо дар баробари Русия, онҳо бояд бо Маскав ҳамкории наздик дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG