Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тер-Петросян боз мехоҳад, президент бошад


Раиси ҷумҳури пешини Арманистон Левон Тер-Петросян гуфтааст, дар интихоботи президентии соли ояндаи кишвараш номзад хоҳад шуд. Вай ҳангоми суханронӣ дар назди издиҳом дар раҳпаймоие дар майдони Озодии Еревон гуфт, мехоҳад дар интихоботи моҳи феврали соли оянда барои курсии раёсатҷумҳурӣ муборриза кунад. Дар ин раҳпаймоӣ бо пуштибонӣ аз Тер-Петросян чандин ҳазор нафар ширкат кард. Тер-Петросян аз соли 1991 то соли 1998 президенти Арманистон буд.

XS
SM
MD
LG