Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яъси раҳбари RFE/RL аз марги журналисти узбак


Президенти Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Ҷеффрӣ Гедмин аз куштори бераҳмонаи журналист Алишер Соҳибов дар шаҳри Уши Қирғизистон изҳори таассуф кард. Соҳибов, ки дар солҳои 2001 ва 2002 хабарнигори бахши узбакии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ буд, дар баромадгоҳи идораи рӯзномааш "Сиёсат" ва аз фосилаи наздик ба зарби гулӯла кушта шуд. Гедмин мегӯяд, "Марги Соҳибов як рахнаи дигар дар рушди журналистикаи ҳирфаӣ ва мустақил дар Осиёи Марказист.Алишер, ҳатто баъд аз расман хотима додани вазифааш низ меҳмони пайвастаи барномаҳои Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодии матбуот ва таҳаввулоти сиёсӣ дар Узбакистон буд. Равобити мо амиқтар шуд, вақте Алишер ризоият дод, ки маводи барномаҳои бахши узбакии моро дар рӯзномааш ба чоп расонад. Ҳамкорон ва дӯстони ӯ дар Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ талафоти бузурге доданд. Соҳибови 26-сола, зодаи шаҳри Уш, ҳамсар ва як духтари семоҳа дошт.

XS
SM
MD
LG