Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс мухолифати Русияро ҷиддӣ нагирифт


Кондолиза Райс вазири умури хориҷаи Амрико мухолифати Русия ба таҳримоти нави иқтисодии Иёлоти Муттаҳида ба зидди Эронро камаҳамият ҷилва дод. Райс ба телевизиони Эн Би Си дар Вашингтон гуфт, давлати Русия шояд “ихтилофоти тактикӣ” дошта бошад, вале мисли Амрико намехоҳад то Ирон соҳиби силоҳи атомӣ шавад. Пештар аз ин Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия гуфт, таҳримоти нав танҳо Эронро ба кунҷе тела дода ва вазъиятро бадтар мекунад.

Давлати Эрон низ таҳримоти нави иқтисодиву бозаргонии Иёлоти Муттаҳидаро маҳкум карда ва онҳоро муғойир ба қонунҳои байналмилалӣ хонд. Рӯзи панҷшанбе Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва 20 ширкату мақомҳои эронӣ таҳримоти нав ҷорӣ кард. Амрико ин афрод ва созмонҳор ба фаъолиятҳои хатарноки фуруши силоҳ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG