Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Ироқ барои монеъ шудан ба ҳамла


Як ҳайъати давлати Ироқ имрӯз ба хотири роҳ надодан ба амалиёти васеъи артиши Туркия ба зидди ҷудоихоҳони курд дар хоки Ироқ бо мақомоти турк гуфтугу кард. Сухангӯи вазорати дифоъи Туркия гуфт, дар ин музокирот баъзе "натиҷаҳои мусбат" ҳосил шудааст. Пеш аз сафари вазири дифоъи Ироқ ба Туркия раҳбарони Анкара гуфтанд, ки дигар ҳамлаҳои ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарони Курдистони Туркияро таҳҳамул нахоҳанд кард, ки дар шимоли Ироқ паноҳ мебаранд.

Ҳамзамон бо идомаи гуфтугуҳо миёни мақомоти ду кишвар чархболҳои Туркия сарбозони изофиро ба марзи Ироқ интиқол доданд, ки то кунун артиши Туркия дар онҷо беш 100 ҳазор нафар сарбозро ҷойгир кардааст.
XS
SM
MD
LG