Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби парҳези мардум аз ошхонаҳо


Оҷонсии давлатии стандартҳо дар минтақаи Рашт тибқи як назарсанҷӣ дар ошхонаву тарабхонаҳои ин водӣ мавридҳои зиёди нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ошкор намудааст.

Нозири бозрасии давлатии савдои ин оҷонсӣ Парвиз Давлатов гуфт, ин санҷишҳо дар заминаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон сурат гирифтааст. Вай афзуд, аллакай яке аз чунин қонуншиканиҳо дар додгоҳи ноҳияи Рашт мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамзамон Парвиз Давлатов набуди нархномаҳои номгӯи таъомҳо дар ошхонаҳоро аз мушкили дигар барои миҷозон номид. Вай гуфт, идораи минтақавии Тоҷикстандарт дастур додааст, ошхонаву тарабхонаҳо аз ин ба баъд бидуни пешкаши нархномаҳо фаъолият накунанд.

Саидмуроди Сулаймон, як сокини ноҳияи Рашт, аз вазъи санитарӣ ва сифати таомҳо дар ошхонаҳои сарироҳи дар масири Душанбе-Ҷиргатол изҳори нигаронӣ карда гуфт, ҳатто ҳолатҳое ҳам мешавад, ки мизоҷони ошхонаҳо, ба иллати сифати нохуби таомҳо, гирифтори бемории вазнин мешаванд.

Аксари сокинони ноҳияи Рашт бар ин назаранд, ки нархи таомҳо дар аксарияти ошхонаву тарабхонаҳо ба сифати онҳо мувофиқат намекунад.

Дар ҳамин ҳол Хайрулло Маҳмадиев, як нафар ошпаз бо собиқаи 11-солаи корӣ, чунин назарро дар мавриди ошхонаҳои шаҳраки Ғарм қабул надорад. Вай мегуяд, дар чойхонаву ошхонаҳои маркази ноҳия танҳо ошпазҳои ҳирфавӣ кору фаъолият мекунанд.

Дар ҳоле, ки теъдоди ошхонаҳову тарабхонаҳо дар водии Рашт дар ҳоли афзоиш аст, ба гуфтаи соҳибназарон, онҳо аз сӯи ниҳодҳои дахлдор мавриди назорати ҷиддӣ қарор намегиранд.

XS
SM
MD
LG