Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи нерӯгоҳи Роғун равшан хоҳад шуд


Раиси ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" Шарифхон Самиев гуфт, масъалаи иштироки ширкати РАО ЕЭС-и Русия дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар авохири моҳи декабр ҳал хоҳад шуд. Вай афзуд, агар ҷониби Русия барои сохтани ин тарҳ таваҷҷуҳ дошта бошад, вай метавонад дар қатори дигар хоҳишмандон дар тендер иштирок кунад ва барои ба даст овардани ҳақи ширкат дар сохтмони нерӯгоҳ талош намояд. Ба гуфтаи Ш. Самиев, Тоҷикистон саъй хоҳад кард, ки ин нерӯгоҳи азимро бо қувваи худ ва кӯмаки сармоягузорони хориҷӣ бисозад ва дар оянда на кам аз 60 дар сади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба Тоҷикистон тааллуқ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG