Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия омодаи тавлиди мушакҳои нав аст


Фармондеҳи қувваҳои стратегии мушакии Русия генерал Николай Соловтсов гуфт, кишвараш қодир аст, дар муддати кутоҳ истеҳсоли мушакҳои кӯтоҳ ва миёнапарвозро аз сар бигирад. Вай афзуд, барномаи рушди нерӯҳои мушакии Амрико, тарҳи Иёлоти Муттаҳида барои истиқрори радару мушакҳо дар ҷумҳурии Чех Лаҳистонро "ба инобат" мегирад. Як рӯз пеш аз ин баёния, Русия ва Амрико дигарбора бар зарурати Паймони Манъи Истифодаи Нерӯҳои Ҳастаӣ таъкид карданд, ки ин санад истифода аз мушакҳо дар Аврупоро маҳдуд месозад.

XS
SM
MD
LG