Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши рекордии нархи нафт ва евро


Нархи нафту қурби баъзе аз асъор дар ҷаҳон имрӯз ба таври рекордӣ боло рафт. Танишҳои афзояндаи миёни Амрико ва Эрон сабаб шуд, то қиммати як бушка нафти хом дар бозорҳои Амрико аз 92 доллар ҳам гузарад. Қурби евро воҳиди пулии ягонаи кишварҳои аврупоӣ низ имрӯз афзоиш ёфт ва акнун як евро баробар ба беш аз як доллару 43 сент шудааст. Бозори ҷаҳонии фурӯши тилло низ шоҳиди тағйироти умдае шуд, чун як унсия тилло ба 778, 25 доллар расид, ки аз январи соли 1980 инҷониб чунин гарон нашуда буд.

XS
SM
MD
LG