Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байнулмилалии муҳоҷират тибқи як барнома давраҳои омӯзиши забони русӣ ва асосҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони муҳоҷирро барои сокинони водии Зарафшон ба роҳ мондааст.

Тибқи пажӯҳишҳои вижа, Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) муқаррар намудааст, ки аксари онҳое, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, бахусус сокинони деҳот, забони русӣ ва асосҳои ҳуқуқиро дар кишварҳои хориҷ намедонанд.

Сарвари маркази иттилоъотӣ барои муҳоҷирини кории Созмони мазкур Музаффар Зарипов гуфт, ба хотири рафъи чунин мушкилот давраҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст ва, тибқи барномаи созмон, дар деҳоти водии Зарафшон беш аз 30 ҳазор адабиёт ва маводи зарурӣ тақсим мешавад.Ба гуфтаи ӯ, ширкаткунандагони нахустини давраҳои омӯзишӣ минбаъд чунин омӯзишҳоро дар рустоҳои 3 ноҳия, азчумла Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент, ва ҳамчунин марказҳои оҷонсии шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират, барои афроде, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, тибқи барномаҳои вижа мегузаронанд.

Устоди забони русӣ Соҳиб Бобокалонов, ки дар давраҳои омӯзишӣ ширкат бар ин назар аст, ки барномаҳое, ки Созмони байнулмилалии муҳоҷират барои омӯзиши забони русӣ пешниҳод мекунад, барои дар муддати кутоҳ омузонидани забони русӣ ба мардум кӯмак хоҳад кард.Ин дар ҳолест, ки назар ба гуфтаи масъулини мақомоти маҳаллии се ноҳияи минтақаи Зарафшон, дар ҳоли ҳозир теъдоди муҳоҷирини корӣ ҳудуди 30 ҳазор нафарро ташкил медодааст, вале коршиносони маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шумори онҳоро беш аз 50 ҳазор нафар мегуянд.

XS
SM
MD
LG