Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хашми ҳомиёни ҳуқуқ аз қатли хабарнигори узбак


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч аз давлати Қирғизистон хост, қазияи қатли хабарнигори мустақил Алишер Сойиповро ба таври комил ва бетарафона таҳқиқ кунад.

Алишер Сойипови 26-соларо рӯзи чаҳоршанбе 24 октябр дар шаҳри Ӯши Қирғизистон як фарди ношинос парронда кушт. Ҳоллӣ Картнер - раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ҳюман Райтс Вотч, қатли Алишер Сойиповро як “ҷинояти золимона” хонд ва ба фаъолияти журналистиаш марбут донист. Хонум Картнер ӯро "хабарнигори далере" номид, ки нақзи ҳуқуқи инсон бахусус аз тарафи ҳукумати Ӯзбакистонро инъикос мекард.

XS
SM
MD
LG