Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба гуфтаи хадамоти умури дохилии Суғд, дар 9 моҳи гузашта 306 шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия фавтида ва ё кушта шудаанд.

Сардори хадамоти умури муҳоҷират дар идораи умури дохилаи вилояти Суғд Шуҳрат Аҳмадов дар мавриди сокинони нобудшудаи вилоят гуфт, ки се нафари онҳо наврас ва 15 нафар зан будаанд.

Ш. Аҳмадов гуфт, мақомоти марбутаи Русия танҳо хулосаҳои ташхиси додгоҳиву тиббӣ дар бораи қатлу куштор ва ё фавти шаҳрвандони Тоҷикистонро ба идораҳои хадамоти муҳоҷирати ин кишвар пешниҳод карда, аммо дар бораи сабаб ва ангезаҳои аслии куштор ва содиркунандаҳои он маълумоте ирсол накардааст. Ва ин дар ҳолест, ки теъдоде аз муҳоҷирини кори тоҷик дар Русия аз дасти ҷавонони бегонаситез ва миллатгарои рус кушта шудаанд.

Аммо мақомоти давлати Тоҷикистон дар пайи қатл ва куштори шаҳрвандони худ дар қаламрави Русия, аз ҷумла паҳн карда шудани наворҳои шубҳааангези видеоии саҳнаҳои қатлу куштори ваҳшиёнаи шаҳрвандони ин кишвар вокуниши ҷиддие нишон надодаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Суғд мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Маскав – пойтахти Русия ва чанд минтақаи дигари ин кишвар намояндагони хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар оянда ба фаъолияти онҳо тақвият дода хоҳад шуд. Аммо ба ақидаи таҳлилгарон, то кунун аз ҷониби ин намояндагиҳо дар таъмини ҳуқуқ ва ҳимоят аз муҳоҷирин ва таҳқиқи қатлу куштори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби фашистони навбаромад ва гурӯҳҳои ҷиноии ин кишвар кори назаррасе ба анҷом нарасидааст.

XS
SM
MD
LG