Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай хостори коҳиши ҳамлаҳои ҳавоист


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз низомиёни Амрико хостааст, ки бар зидди Толибон ҳамлаҳои ҳавоии худро камтар кунанд, зеро дар ин ҳамлаҳо афроди зиёди мулкӣ ба қатл мерасанд. Карзай дар мусоҳибае бо як телвизюни Амрико гуфтааст, мардуми Афғонистон мефаҳманд, ки дар амалиёти низомӣ гаҳ гоҳе иштибоҳ рух медиҳад, вале дар ин шаш соле, ки нируҳои Амрико вориди Афғонистон шудаанд, Карзай гуфтааст, ки ба ҷои ҳамлаҳои ҳавоӣ бояд алтернативе пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG