Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари ҷавонони мухолиф боздошт шуд


Дируз нируҳои амниятии Қирғизистон Адилет Айтикеев-яке аз раҳбарони ҷунбиши ҷавонони Қирғизистон бо номи "Ханҷар"-ро, ки мухолифи давлат аст, боздошт карданд. Вай ба Қазоқистони ҳамсоя паноҳ бурда буд. Айтикеевро барои созмон додани нооромиҳои иҷтимоъӣ дар ҷараёни раҳпаймоии эътирозии моҳи апрели соли 2007 муттаҳам медонанд. Азиза Абдурасулова-раҳбари созмони ҳуқуқии башари мавсум ба "Килим Шамъӣ" ё "Машъали Қарн" ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ҳоло Айтикеев таҳти бозпурсии нируҳои амниятӣ қарор дорад. Айтикеев барои муддати кутоҳ боздошт ва моҳи апрел баъд аз хатми раҳпаймоӣ раҳо шуда буд.

XS
SM
MD
LG