Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасмими Туркия алайҳи ПКК


Раисҷумҳури Туркия Абдулло Гул (аз тарафи рост) ва вазири умури хориҷаи ин кишвар Алӣ Бобоҷон

Раисҷумҳури Туркия Абдулло Гул (аз тарафи рост) ва вазири умури хориҷаи ин кишвар Алӣ Бобоҷон

Мақомоти Туркия тасмими ниҳоӣ гирифтанд, ки таҳдид аз сӯи ошубгарони Ҳизби Коргарии Курдистони (ПКК) мустақар дар шимоли Ироқро аз байн бубаранд.

Абдулло Гул, раисҷумҳури Туркия, имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Анкара гуфт, ки аз ин ба баъд кишвараш истифодаи қаламрави Ироқ аз сӯи гурӯҳҳои дафшатафканро таҳаммул нахоҳад кард. Вай афзуд, ҳарчанд мо ба якпорчагии Ироқ эҳтиром мегузорем, тоқати Туркия тоқ мешавад ва мо аз ин баъд ба истифодаи қаламрави Ироқ барои таҳияи амалҳои терористӣ имкон нахоҳем дод. Мо тасмим гирифтем, ки барои аз байн бурдани ин таҳдид аз чораҳои зарурӣ кор бигирем.

Изҳороти раисиҷумҳури Туркия дар ҳоле садо дод, ки қарор аст як ҳайати баландпояи Ироқ барои анҷоми музокирот имрӯз вориди Анкара шавад. Дар Туркия ин гуфтушунидро шонси охирин барои аз роҳи осоишта ҳал кардани қазия мехонанд.

Чанд рӯз пеш парлумони Туркия дархости ҳукумат барои доир кардани амалиёти низомӣ алайҳи мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқро пазируфт. Ба думболи ин дар як ҳамлаи ғофилгиронаи ошубгарони курд дар марз бо Ироқ дасти кам 12 сарбози турк ба ҳалокат расид. Низомиёни Туркия гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҷавобии онҳо беш аз 30 тан аз мусаллаҳони курд кушта шуданд.

Ин ҳодиса Анқараро барои тезонидани раванди таҷаммуъи нерӯҳо дар марз бо Ироқ ва ҳамла ба бархе аз пойгоҳҳои ошубгарон таҳрик дод. Рӯзи чаҳоршанбе ҳавопаймо ва чархболҳои низомии Туркия ба мавқеъҳои мусаллаҳони курд дар марзи кишвар бо Ироқ ҳамла карданд. Ҳавопаймоҳои низомӣ аз пойгоҳи Диярбакир, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар, бархоста мавқеъҳои Ҳизби Коргарони Курдистон дар минтақаҳои баландкӯҳи вилоятҳои Ширнак, Ҳаккорӣ, Ван ва Сииртро бамборон карданд.

Гуфта мешавад, ки дар шимоли Ироқ ҳудуди 3 ҳазор мусаллаҳони Ҳизби коргарии Курдистон мустақаранд. Нурӣ Ал Моликӣ, сарвазири Ироқ ду рӯз пеш изҳор кард, ки кишвараш аз ҳамлаҳои минбаъдаи ошубгарони курд ба Туркия ҷилавгирӣ мекунад ва ҳама дафтарҳои Ҳизби Коргарии Курдистон дар кишвар баста хоҳанд шуд.

Аммо ба назар мерасад, Анкара ин чораҳоро нокофӣ мехонад. Алӣ Бобоҷон, вазири умури хориҷаи Туркия ахиран бо лаҳни шадид аз Бағдод хост, то барои аз байн бурдани ошубгарон пешниҳодоти мушаххас ироа кунад, дар акси ҳол ба гуфтаи ӯ, музокирот бо ҳайати ҳукуматии Ироқ маънӣ нахоҳанд дошт. Мақомоти Туркия тақозо доранд, ки фаъолияти Ҳизби коргарони Курдистон дар қаламрави Ироқ комилан мамнӯъ ва ҳама пойгоҳҳояш аз байн бурда шаванд. Ҳамчунин Анкара мехоҳад, ки мақомоти Ироқ раҳбарони Ҳизбро боздошт ва ба Туркия истирдод кунанд.

Туркия, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо Ҳизби Коргарони Курдистонро ба феҳрасти созмонҳои террристӣ шомил кардаанд.

XS
SM
MD
LG