Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди кӯли Сарез таъсис мешавад


Давлати Тоҷикистон гуфт, масъалаи таъсиси бунёди кули Сарезро баррасӣ мекунад, ки ҳадаф аз он бунёд расидагӣ ба мушкилот ва рафъи хатари кандашавии ин кӯли азим аст. Муҳаммадтоҳир Зокиров раиси кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон имрӯз гуфт, кишвараш роҳҳои мухталифи рафъи хатари Сарезро баррасӣ мекунад. Ин кули азим дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва беш 17 миллиард метри мукааб оби соф дорад. Дар сурати рахна шудани кӯл миллионҳо нафар сокинони Осиёи Марказӣ осеб мебинанд.

XS
SM
MD
LG