Пайвандҳои дастрасӣ

Мизони қарзи берунии Тоҷикистон дар қиёс бо як соли пеш афзуда ва аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар шарҳи афзоиши мизони қарзи хориҷӣ мегӯяд, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ дар чанд моҳи ахир боиси афзудани қарзи Тоҷикистон шудааст. Ба гуфтаи Моҳинав Қимматшоева, як масъули раёсати қарзҳои берунаи вазорати молия, ҳаҷми қарзи берунии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ ба андозаи 236 миллион доллари амрикоӣ афзун шудааст.

Вай афзуд, қарзи хориҷии кишвар беш аз 30 дар сади маҷмӯъи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад ва қарздиҳандагони аслии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул ва бонкҳои Исломӣ ва Аврупоии Рушд мебошанд, ки дар маҷмӯъ 623 миллиён доллар қарз додаанд. Гуфта мешавад, Тоҷикистон танҳо аз Бонки ҷаҳонӣ наздики 350 миллиён доллар қарздор будааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши тозаи худ оид ба хароҷоти давлатии Тоҷикистон гуфтааст, мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон аз меъёри лозима бештар гардида, ин боиси нигаронии сармоягузорони аслии иқтисоди ин кишвар шудааст.

Шӯҳрат Мирзоев, иқтисоддони намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе, гуфт, дар ҳоли ҳозир қарзи хориҷии Тоҷикистон 34 дар сади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медиҳад ва қарзи хориҷӣ бояд марҳила ба марҳила коҳиш дода шавад, то иқтисоди кишвар ба бӯҳрон рӯ ба рӯ наояд. Вай гуфт, масъалаи муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Тоҷикистон мизони вуруди қарзи хориҷии худро бояд марҳила ба марҳила камтар кунад, зеро қарзи ҳангуфт метавонад иҷрои тарҳҳо, бавижа дар соҳоти энержӣ, роҳсозӣ ва саноати сабукро, печидатар кунад.

Дар ҳамин ҳол Сандуқи байналмилалии пул пешгӯӣ мекунад, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон то соли 2009-ум то 56 дар сад афзун мешавад ва дар он ҳол кишвар бо хатарҳои макроиқтисодӣ мувоҷеҳ мегардад. Аз ин рӯ ба давлати Тоҷикистон тавсия шудааст, то ба сурати қонунӣ ҳадди ниҳоии дарёфти қарзи хориҷиро муқаррар ва таносуби муайяни он бо маҷмӯъи маҳсулоти дохилиро таъмин намояд.

Барои бозгардонии қарзи хориҷӣ аз буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2007 танҳо 45 миллион доллар ихтисос дода шудааст.

XS
SM
MD
LG