Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси порлумони Аврупо Ҳанс-Герт Петтеринг гуфт, ин ҷоиза эътирофи ҷасорати шахсии Усмон дар роҳи волоияти қонун аст.

Солеҳ Маҳмуд Усмон, раҳбари созмони "Зидди Шиканҷа" ва узви порлумони Судон, онгуна ки дар телевизион намудор шуд, як марди нармгуфторест, ки акнун ба синни панҷоҳ қадам гузоштааст ва ҳамаи мӯйҳояш сафеданд. Аз лаҳни нарму ороми ӯ ҷасорати адвокатияш маълум намешавад, аммо аз ҳақиқате ки мегӯяд ва мантиқе ки дар сухан дорад, ҷои гурeз намемонад.

Вай дар фазои хунину оташини низоъи Дорфур тавонистааст, аз ҳаққи инсонҳо, ба вижа қурбониёни зӯроварию хушунат дифоъ кунад. Дар интиқом аз ҷасорати ӯ, мусаллаҳони араб бо номи ҷонҷовид, ки бо пуштибонии ҳукумати Судон қабоили ғайриараби Дорфурро ҳадафи қатл қарор медиҳанд, чанде аз хешони наздикашро куштанд. Дар соли 2004 ҳукумати судон ӯро барои ҳафт моҳ зиндонӣ кард, вале Солеҳ Маҳмуд аз роҳи худ ақиб нагашт.

Моҳи октябри соли гузашта вай ба зидди нирӯҳои Иттиҳоди Африқо садо баланд кард, ки бо вуҷуди иддаои ҳифзи мадум ва субот ба Дорфур омада буданд, аз куштори ғайриарабҳо ҷилавгирӣ накарданд. Вай мегуфт: "Бо вуҷуди идомаи нав ёфтани мандати онҳо ва афзудани шумораашон, нирӯҳои Иттиҳоди Африқо эътимоди қурбониёнро аз даст доданд, зеро даҳҳо бор лаҳзаҳое иттифоқ афтод, ки бераҳмиҳо ва хушунатҳо дар пеши чашмони онҳо ба амал омад ва онҳо натавонистанд, аз мардум ҳимоят кунанд."

Дар низоъи Дорфур тақрибан 200 ҳазор нафар кушта ва дуним миллион нафар фирорӣ шуданд. Қурбониёни хушунатҳо ҳукумати Судонро дар беэътиноӣ ба вазъи худ айбдор мекунанд. Хартум ин арқомро зиёд мешуморад ва шумори кушташудагонро 9 ҳазор нафар меномад.

Солеҳ Маҳмуд Усмон ҳамроҳ бо ҷоизаи ба номи дигарандеши шӯравӣ Андрей Сахаров, 50 ҳазор евро низ мегирад ва дар гузашта ҷоизаи Сахаров ба афроди саршинос ва худфидое чун журналисти рус -- Анна Политковская, раҳбари пешини Африқои Ҷанубӣ -- Нелсон Манделла, раҳбари оппозисюни Бирма -- Аунг Сан Су Чи низ тақдим гаштааст.

XS
SM
MD
LG