Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол: «Парвоз» - соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2007


Дастаи футболи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Парвоз» баъди пирӯзӣ дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «ҲИМА»-и Душанбе соҳиби Ҷоми имсолаи футболи кишвар гардид.

Қисми аввали бозии ниҳоӣ байни ин дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дар Душанбе бидуни гол анҷом ёфт. Аввали қисми дувуми бозӣ бо ҳуҷумҳои густурдаи футболбозони дастаи «Парвоз» гузашт. Дар яке аз ин ҳуҷумҳо дар дақиқаи 58-уми бозӣ баъди анҷоми зарбаи бурҷӣ Ҷомихон Муҳиддинов аз хатои дарвозабони «ҲИМА» Александр Муканин моҳирона истифода бурда, ба дарвозаи душанбегиҳо гол мезанад – 1:0.

Баъди ин, ҳарчанд футболбозони пойтахт то поёни бозӣ ба мавқеъи суғдиҳо ҳуҷумҳои мутааддидро ба роҳ монда, кӯшиши зиёде барои баробар кардани ҳисоб ба харҷ доданд, вале «Парвоз» дарвозаи худро аз гол эмин дошт.

Ҳамин тариқ, ҳисоб то поёни бозӣ тағйир дигар наёфт ва дастаи «Парвоз» ба дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2007 муваффақ гардид. Ин дувумин пирӯзии дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Б. Ғафуров дар мусобиқоти ҷоми кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG