Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Эронро танбеҳ медиҳад


Кондолиза Райс вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфт, Амрико ба зидди Эрон таҳримоти нави фарогиреро эъмол мекунад, то ин кишварро барои мушакфурӯшӣ ва барномаҳои атомиаш танбеҳ диҳад.

Кондолиза Райс ва вазири дороии Иёлоти Муттаҳида Ҳенрӣ Поулсон эълом карданд, ки нерӯи Қудс бахше аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва баъзе бонкҳои Эронро ба хотири ҳимояташон аз созмонҳои терррористӣ дар Ироқ ва Ховари Миёна, фурӯши силоҳ ва барномаҳои атомӣ таҳти таҳримоти нав қарор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG