Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои Тоҷикистон бештар шудааст


Давлати Тоҷикистон гуфт, қарзи берунаи ин кишвар соли равон беш аз 200 миллион доллар афзуда ва аз марзи як миллиард доллар гузаштааст. Вазорати дороӣ ва ё молияи Тоҷикистон эълом кард, қарзи мустақими давлат аз муассисаҳои молӣ ва кишварҳои хориҷӣ бештар аз 980 миллион доллар ва 30 дар сади тавлидоти нохолиси миллиро ташкил медиҳад. Муассисаҳои байналмилалии молӣ мегӯянд, зоҳиран қарзи хориҷии Тоҷикистон то поёни соли 2009 ду маротиба меафзояд, ки ин барои рушди макроиқтисодӣ дар кишвар хатар эҷод хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG