Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои Эъломияи нақлиёт ва тронзит дар Душанбе


Намояндагони Афғонистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе эъломияи ҳамлу нақли тронзитиро ба имзо расонданд.

Эъломияи ҳамлу нақли тронзитӣ муҳимтарин масъалаҳои марбут ба сиёсатҳои роҳу нақлиёт, таҳкими зербинои соҳаи ҳамлу нақл, тиҷорати мусоъадаткунанда ба ин соҳа, коршарикии давлат ва бахши хусусӣ ва монанди инҳоро фаро гирифтааст. Дар он ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) нақши сарпараст ва ҳамоҳангсоз муайян шудааст.

Намояндагони чанд кишвари дигар, ки дар ҳамоиш ширкат доштанд, гуфтанд, пас аз омӯзиши амиқтар мумкин аст, ба ин эъломия шарик шаванд. Мизбонони нишасте, ки бо ташаббуси САҲА ва Созмони Милали Муттаҳид барпо шуд, гуфтанд, ҳамоҳангӣ дар истифода аз роҳу долонҳои минтақаӣ як амри зарурии рушди иқтисодии минатақ ва Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҳоле ки як бахши умдаи роҳҳои Тоҷикистон ба воситаи Узбакистон ба мамолики дигар мепайвандад, ин кишвари ҳамсоя ба эъломия ҳамроҳ нашудааст.

XS
SM
MD
LG