Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯянд, давлат барномаи хусусисозии Корхонаи алюминии Тоҷикистонро рӯи даст надорад, аммо зимни барномаи таҷдиди сохтории ин ширкат имкони амалӣ кардани шакли идораи корпоративии зерсохторҳои ин корхонаро имконпазир медонад.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ, гуфт, ки чандин ширкати бузург майли ҳакорӣ бо ин корхонаро доранд ва Ширкати алюминии Тоҷикистон («Тalco») ҳам ба манзури ҷалби сармояи онҳо барои эҳёи иқтидори тавлидотиаш омодаи ҳамкорӣ бо онҳо мебошад. Ӯ афзуд, дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳад, то худи ширкати мазкурро ба унвони муҳимтарин корхонаи санъативу стратегии кишвар ҳамчунон дар ихтиёри худ дошта бошад. Аммо бархе коршиносон мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба мушкилоте, ки «Тalco» дорад, беҳтар аст ин ширкат ба бахши хусусӣ вогузор шавад, зеро ҳарчанд мақомот ба унвони корхонаи стратегӣ ин ширкатро нигоҳ медоранд, аммо он оидоти чандоне надорад.

Гуфта мешавад, хусусан дар шароити буҳрони энержии Тоҷикистон ин корхона бештар аз нисфи нерӯи барқи тавлидшударо масраф мекунад ва он ҳам дар ҳоле, ки солҳо ин масрафотро пардохт накардааст. Дар ҳамин ҳол тавлидоти шикат нисфи маҳсулоти санъатии кишварро ташкил медиҳад, аммо, ба ҳисоби расмӣ, дар соли гузашта оидот аз ширкати «Тalco» ҳудуди 6 дарсади буҷаи кишварро ташкил кардааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ба ин далел дар сурати дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ фурӯхтани барқе, ки феълан барои тавлиди алюминиюм масраф мешавад, метавон ба оидоти бештар аз 6 дарсадро интизор дошт. Аммо, мегӯянд онҳо, дар шароити феълӣ ширкатҳои ватание, ки тавони харидории «Тalco»-ро дошта бошад, вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ давлати Тоҷикистон намехоҳад ба хусусисозии ин ширкат иқдом кунад, зеро, аз нигоҳи мутахассисони он дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ қарор гирифтани муҳимтарин корхонаи санъатии кишварро дар ростои манофеъи давлат набудааст.

«Тalco» - Ширкати алюминии Тоҷикистон танҳо тавлидкунандаи алюминиюми аввалия дар минтақаи Осиёи миёна мебошад, ки иқтидори тавлидии то 500 ҳазор тонна дар солро дорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG