Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафни хабарнигори ҷавони Қирғизистон


Дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон хабар дод, ки раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев ҷараёни тафтиши қатли хабарнигор Алишер Сойиповро таҳти назорати худ хоҳад гирифт. Ин хабарнигори узбактабори Қирғизистонро афроди номаълум рӯзи чаҳоршанбе, 24 октябр дар шаҳри Ӯш ба қатл расониданд. Алишер Сойипови 26-соларо имрӯз дар зодгоҳаш ба хок супурданд. Пас аз маросими дафн даҳҳо нафар хабарнигор ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии Қирғизистон дар назди идораи милисаи вилояти Ӯш ҷамъ омада ва аз мақомот хостанд, то қотилони хабарнигорро ёфта ва ҷазо диҳанд. Алишер Сойипов пайваста ҳукумати Ӯзбакистонро дар мақолаҳояш танқид мекард.

XS
SM
MD
LG