Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии ихтилофоти назар дар ҳамоиши НАТО


Ҳамоиши вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО ва аз ҷумла мулоқоти онҳо бо вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков имрӯз, 25 октябр дар Ҳолланд ба поён мерасад. Қарор аст, дар ин мулоқот, вазирон ихтилофоти назар дар мавриди сарнавишти Косово ва истиқрори сипари дифоъии Амрико дар Аврупои Марказиро баррасӣ кунанд.

Пештар аз ин нишаст, дар рӯзи чаҳоршанбе Паймони Атлантики Шимолӣ гуфт, ки кишварҳои узв ҷиҳати ихтисоси манобеъи бештар барои нерӯҳо дар Афғонистон ба пешрафт даст ёфтаанд. Нӯҳ кишвар аз миёни 26 кишвари узви НАТО ваъда супурдаанд, ки муҳимот ва манобеъи лозимро ихтисос медиҳанд ва Фаронсаву Олмон гуфтаанд, ки барои тамрини сарбозони артиши Афғонистон мураббиёни изофӣ мефиристанд.

XS
SM
MD
LG