Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳадя ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Маҷмӯъаи расмҳои Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод бо 24 асари дигар пурра гардид. Дирӯз ҳамин миқдор осори расомии наққоши исроилӣ Давид Илёбоев, ки қаблан дар Тоҷикистон мезист, ҳамчун ҳадя ба осорхона супурда шуд.

Гуфта мешавад, дар ин маросим, ки таҳти унвони рамзии «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»» доир гардид, намояндагони ҳукумати кишвар ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ ширкат намуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо ворид гардидани 247 асар дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ хазинаи осорхонаи миллии кишвар феълан аз 43087 асари намоишӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG