Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Райс дар бораи "омехтаи хатарнок"-и Эрон


Баёноти Райс дар кумитаи Конгресс, 24 октябри соли 2007.

Баёноти Райс дар кумитаи Конгресс, 24 октябри соли 2007.

Вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Кондолиза Райс, барномаи ҳастаии Эрон ва пуштибонии мақомоти Теҳрон аз ошӯбгарони ироқиро мушкили аслии амнияти ИМА номид.

Вале ӯ афзуд, бо вуҷуди ин, дипломатия дилхоҳтарин роҳи ҳалли ин бӯҳрони ҳастаӣ боқӣ мемонад: "Ман ба ҳамтоёнам борҳо гуфта будам, ки мо намехоҳем, дар вазъияте қарор бигирем, ки маҷбур шавем, интихоби ғайридилпазир нисбат ба Эронро қабул кунем. Ва ин маънои онро дорад, ки мо бояд кӯшишҳои ҳаддалимкон қавии дипломатиро ба харҷ диҳем. Аммо ин маънои онро надоранд, ки мо бо эрониҳо нишаста вақтро танҳо ба сӯҳбатҳои холӣ барбод диҳем. Агар Эрон ба саркашиаш аз иҷрои талабҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ идома диҳад, талошҳои дипломатӣ бояд паёмадҳои таъсирбахши дипломатӣ ва дар ҳақиқат иқтисодӣ дошта бошанд”.

Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Даблю Буш, ҳафтаи гузашта ҳушдор дода буд, ки агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, хатари сар задани ҷанги севуми ҷаҳонӣ имконпазир аст. Зимни суханрониаш дар Конгресс Райс изҳор дошт, агар Эрон ба ғанисозии ураниум идома диҳад, бо “пайомадҳои ҷиддӣ”, аз ҷумла таҳримҳои нави Шӯрои амнияти СММ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Хонум Райс афзуд, Эрон бо дахолат дар умури кишварҳои ҳамсоя тамоми минтақаро бесубот мекунад. Райс бори дигар Теҳронро дар пуштибонӣ аз неруҳои ошӯбгари шиъамазҳаби Ироқ муттаҳам кард. Вай гуфт, ИМА ба ин фаъолиятҳои бесуботкунандаи Эрон хотима хоҳад дод.

Вазири корҳои хориҷии Амрико изҳор намуд, Вошингтон хеле нигарон аст, ки сиёсати Эрон эҳтимол дорад, бузургтарин таҳдидро барои манфиатҳои ИМА дар Ховари Миёна ва шояд дар тамоми чаҳон ташкил диҳад. Ба ақидаи вай, терроризм, нақзи ҳуқуқи башар дар дохили Эрон ва кушиши ин кишвар барои дастёфт ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ, ҳар сетои ин таркиби хеле хатарнок аст. Аммо хонум Райс афзуд, раиси ҷумҳури Амрико ягон гузина, ба хусус роҳи ҳали дипломатии ин масъаларо канор намегузорад.

Вай гуфт ИМА ва муттаҳидони байналмилалиаш ду роҳкорро нисбат ба Эрон думбол мекунанд: нахуст, идомаи гуфтушунидҳо тавассути масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавиер Солана ва дуввум, таҳримҳои шадидтари СММ нисбат ба Теҳрон.

XS
SM
MD
LG