Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати боломақоми Ироқ аз Туркия боздид мекунад


Қарор аст имруз як ҳайати боломақоми Ироқ барои гуфтугу бо мақомоти Туркия дар бораи фаъолияти пайкорҷуёни курд дар шимоли Ироқ аз Онкоро-пойтахти Туркия боздид кунад. Интизор меравад, ки раҳбарии ин ҳайатро Абдулқодир Ҷасим-вазири дифоъи Ироқ бар уҳда бигирад. Бино ба гузоришҳо, дируз ҳавопаймоҳои низомии Туркия мавозеъи пайкорҷуёни Ҳизби Коргарии Крдистон ё Пи Кей Кейро дар манотиқи куҳистонии шимоли Ироқ дар имтидоди марзи худ бомборон карданд.

XS
SM
MD
LG