Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Путин аз Португалия оғоз мешавад


Қарор аст имруз боздиди дурузаи Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия аз Португалия оғоз шавад. Ҳоло ин кишвар раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда дорад. Интизор меравад, ки Путин қабл аз ширкат дар мулоқоти раҳбарони Руссия ва Иттиҳодияи Аврупо бо раҳбарони Портулагия дидор ва гуфтугу кунад. Бино ба гузоришҳо, мавзуъи гуфтугу дар ин мулоқотҳо энерживу тиҷорат ва ҳамчунин масъалаҳои байналмиллалӣ, аз қабили барномаҳои ҳастаии Эрон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG