Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақрибан ним миллион нафар аз сокинони аёлати Калифорния аз мақомоти маҳаллӣ дастур гирифтанд, ки манзилҳои худро тарк кунанд ва гузоришҳо аз ин ҷо ба ҳисобот аз майдони ҷанг шабоҳат доранд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, сӯхтор на фақат ҷангалзор, балки биноҳои зиёдеро низ фаро гирифтааст – бар асари ин офат то имрӯз панҷ кас ба ҳалокат расида 45 нафар, аз ҷумла, 21 тан аз сӯхторнишонҳо ҷароҳат бардоштанд, 1300 манзили зист ба коми оташ рафт ва оташсӯзӣ ба 68 ҳазор бинои дигар таҳдид мекунад. Гуфта мешавад, ки сӯхтор 120 ҳазор гектар ҷангалзорро комилан аз байн бурдааст, ки зимнан бештар аз масоҳати феълии Ню Йорк аст.

Ахиран, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш дар 7 минтақаи аёлат вазъи фавқулодда эълон кард ва тасмим гирифт, ки рӯзи панҷшанбе аз ҷои ҳодиса дидан кунад. Дар ҳамин ҳол, Арнолд Швартсенеггер – волии Калифорния изҳор кард, ки мардуми иёлат дар рӯ ба рӯи офат бештар муттаҳид шуданд.

Тибқи мушоҳидаҳо, оташ тақрибан 350 километр ҷангалзори соҳил аз Санта Барбара то марзи Мексикоро фаро гирифтааст. Аз ҳама бештар, ба иттилоъи расмӣ, аз сухтор шаҳри Сан Диего зарар дидааст. Беш аз ним миллион сокини ин минтақа аз манзилҳои худ берун рафта шаби гузаштаро дар варзишгоҳ ва мактабу биноҳои маъмурӣ рӯз карданд. Ин гуна сухтор дар Калифорния бори дуввум рух медиҳад – чаҳор сол пеш дар ҳодисаи ҳамсон 22 нафар ба ҳалокат расида беш аз севу ним ҳазор биноҳо ба коми оташ рафтанд.

Ин дафъа оташсӯзӣ ба фаъолияти Ҳолливуд низ латма зад – синамогарон маҷбур шуданд навори яке аз саҳнаҳои сериёли маъруфи “24”-ро мутаваққиф кунанд. Гуфта мешавад, ки дар минтақаи офат манзилҳои ситораҳои Ҳолливуд Мел Гибсон, Барбара Стрейзанд, Ричард Гир, Пирс Броснан, Ҷеймс Камерон, овозхони маъруф Стинг ва дигарон ҷойгиранд.

XS
SM
MD
LG