Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми Амрико ба НАТО дар пайванд бо Афғонистон


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида

Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигорони Радио Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Брайан Витмор ва Улрих Шпек бо вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс.

Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, ки рӯзи сешанбе дар Прог бо мақомоти Ҷумҳурии Чех, аз ҷумла сарвазири ин кишвар Мирек Тополанек, мулоқот дошт ва натиҷаҳои ин гуфтушунидро мусбат номида, баъд аз онҳо фурсате пайдо кард, то ба пурсишҳои хабарнигорони Радио Аврупои Озод-Радиои Озодӣ посух диҳад. Вай пеш аз ҳама дар бораи гуфтушунид бо мақомоти Ҷумҳури Чех, ки дар онҳо масъалаи бунёди сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо баррасӣ шудааст, чунин иттилоъ дод:

Сипари зиддимушакӣ ҳатман сохта хоҳад шуд, аммо...
"Раҳбарияти Чех шабеҳ ба Русия ба пешниҳоди нав, ки ягон ду ҳафта пеш ҳамроҳ бо вазири умури хориҷӣ Райс дар Маскав рӯи миз гузоштем, рағбат нишон дод. Мақсад шаффофияти бештарест, ки эътимоди Русияро ба миён оварад. Дар пешбурди тавофуқҳо мо ба Русия комилан рӯшан паём додем, ки мо бо вуҷуди ҳама чиз гуфтушунидро бо Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех идома хоҳем дод. Ва агар ин гуфтушунидҳо муваффақият доштанд, раванди мустақар сохтан ё бунёд кардани родор ва мушакҳои пешвозгирандаро идома хоҳем дод. Валекин мо ҳамчунин гуфтем, агар масъалаи таҳдид дар миён аст, мо омодаем бо русҳо сари гуфтугӯ биншинем ва ба қароре оем, ки то замони мушаххасан зоҳир нашудани таҳдид, системаро фаъол нагардонем, масалан, то замоне ки эрониён ва ё касони дигар дар Ховари Миёна мушакҳоро озмоиш намдиҳанд, ки тули парвозашон то Аврупо мерасида бошад. Ва ба фикрам, ҳукуматҳо дар ин ҷо ва дар Маскав пазируфтанд ва ҳатто президент Путин пешниҳодро созанда ва мусбат номид,"

Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида инчунин гуфт, ба хотири рафъи шубҳаву гумони Русия кишвараш метавонад, ҳузури намояндагони Маскавро дар марказҳои зиддимушакии Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех пазироӣ кунад. Бо вуҷуди ин, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, кишвараш аз бунёд шудани ду сипари зиддимушакии Амрико, яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё, ҳамоно нигарон аст, ҳарчанд пешгуинашаванда будани Кореяи Шимолиро сабаб ва зарурати сипари ҷопонӣ номид. Ин суханони Лавров дар дидори ӯ бо ҳамтои ҷопонияш Масаҳико Комура рӯзи сешанбе дар Токио садо доданд.

Гейтс ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Улрих Шпек ва Брайан Витмор, Прог, 23 октябри соли 2007.

Дар идомаи мусоҳибаи ихтисосӣ Гейтс иброз дошт, ки акнун ба Ҳолланд сафар мекунад, то дар нишасти вазирони дифои НАТО ширкат кунад. Бо назардошти даъватҳои ахир ӯ аз кишварҳои узв дар бораи густариши фаъолият дар Афғонистон, аз ӯ суол шуд, оё ин бор паёмаш ба кишварҳои НАТО чӣ хоҳад буд:

"Паёме, ки ман мехоҳам дар Нидерлонд ба вазирони дифоъи НАТО бирасонам, хеле сода аст ва ин аст, ки давлатҳои узв бояд ваъдаи раҳбаронашро, ки дар Рига садо дода буданд, иҷро кунанд. Дар масъалаи пуштибонии онҳо дар Афғонистон. Яъне паём на дар бораи мост, балки дар бораи ваъдаҳоест, ки аз тарафи сарони НАТО дар Рига шуданд. Ва ман танҳо мехоҳам, итминон ёбам, ки ҳама мефаҳманд, он ваъдаҳо аз чӣ иборат буданд. Ин аст паёми бунёдӣ."

Бо вуҷуди мушкилоте, ки Амрико бо Русия дар масъалаи сипари зиддимушакӣ дорад, Гейтс гуфт, Маскав ҳамоно як шарики стратегии Иёлоти Муттаҳида боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG