Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбаборони мавқеъҳои ошӯбгарони курд дар Ироқ


Имрӯз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомии Туркия ба мавқеъҳои ошубгарони курд дар марзи кишвар бо Ироқ ҳамла карданд. Ба иттилоъи хабаргузории Анатолияи Туркия, ҳавопаймоҳои низомӣ аз пойгоҳи Диярбакир, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар бархоста мавқеъҳои Ҳизби Коргарони Курдистонро бамборон карданд. Ба иттилоъи хабаргузорӣ, асосан пойгоҳҳои ошубгарони курд дар манотиқи баландкӯҳ мавриди ҳамла қарор доштанд. Дар бораи қурбониёни ин ҳамла ҳанӯз иттилоъе зери даст нест.

Имрӯз Ҷамил Чичек – муовини сарвазири Туркия иттилоъ дар бораи ҳамлаи дирӯзаи ҳавопаймоҳои низомӣ ба пойгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқро тайид намуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ҳамла – интиқом барои куштори дасти кам 12 сарбози кишвар аз сӯи мусалалҳони курд буд.

Имрӯз Шӯрои амнияти миллии Туркия ба баррасии нақшаи амалиёти низомии эҳтимолӣ дар шимоли Ироқ шурӯъ кард.

Нурӣ ал Моликӣ - сарвазири Ироқ дирӯз изҳор кард, ки мақомоти кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон ба қаламрави Туркия аз чораҳои оҷил кор мегиранд.

XS
SM
MD
LG